Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо лоиҳаи сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунаромӯзӣ шинос гардиданд

Submitted by admin on Thu, 26/10/2023 - 11:36
Tajikistan
123

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагии сокинони ватандӯсти шаҳри Ваҳдат, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» Саъдуллоев Шамсулло ва бародарон Саъдуллоевҳо шинос шуданд.

Аз ҷониби соҳибкорон танҳо дар деҳоти Шаҳдбор 1 километр роҳи мошингард бо паҳноии 8 метр мумфарш карда шуда, бунёди маркази ҳунаромӯзӣ барои занону духтарони шаҳри Ваҳдат идома дорад.

Роҳи мазкур чароғон карда шудааст ва минбаъд барои рафтуомади бемонеи сокинону нақлиёт хизмат мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки зимни як сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат 27 июни соли 2017 ва аснои ба истифода додани корхонаи хурди истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиёт дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хушрӯз” Сарвари давлат ба соҳибкори ватанӣ барои бунёди як коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунаромӯзӣ дастуру ҳидоятҳо дода буданд. Инак бунёди маркази ҳунаромӯзӣ бо 60 ҷои корӣ оғоз гардида, дар назар аст, ки дар ин ҷо синфхонаи таълими ронандагон, дӯзандагӣ, пазандагӣ, забономӯзӣ ва касбомӯзӣ идома дорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, ободонии як гӯшаи диёр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои арзанда доданд.

Теги