Дар Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» доир гардид

Submitted by admin on Mon, 30/10/2023 - 18:32
Tajikistan
1234

29 октябр дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикитон ва меҳмонону иштирокчиён маросими ҷамъбасти Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.

Дар маросим директори Театри лӯхтак ва тамошобини ҷавони шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон Самат Алтаев, директори Театри вилоятии лӯхтаки шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон Юлдош Генҷаев ва ҳунарпешаи Театри лӯхтаки «Димак»-и шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Дориюш Муаддабиён аз раванди баргузории ҷашнвора, самимият ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик изҳори хурсандӣ намуда, ба Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими муносибатҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва рушди робитаҳои дӯстонаи байни миллатҳо бо арзи эҳтиром миннатдорӣ  баён доштанд.

Меҳмонон ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе низ ҷиҳати баргузории чунин ҷашнвораи бузург изҳори сипос  намуда, Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» -ро беҳтарин фурсат барои эҳёи фарҳангу ҳунар, тақвияти дӯстию бародарӣ ва таҳкими пайвандҳои мухталифи ақвоми минтақа номиданд.

Иштирокчиёни ҷашнвораи байналмилалӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷашнвораи байналмилалӣ театрҳои лӯхтаки Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманистон иштирок намуданд.

Теги