10 ноябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик якчанд иншооти нави соҳаро баъди бунёду навсозӣ ифтитоҳ намуда, бо маҳсулоти хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорати корҳои дохилӣ шинос шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити фароҳамшуда дар бинои хобгоҳи сарбозони баталёни фаврии таъйиноти махсуси қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Ҳайати шахсӣ дар баробари толори барҳаво ҳамзамон метавонанд аз ҳуҷраҳои зарурии ёрирасони замонавӣ истифода намоянд.
Дар маҷмуъ дар ин қисми низомӣ 1 хобгоҳ бо ҳуҷраҳои ёрирасон сохта шуда, 5 хобгоҳи дигар пурра навсозӣ шудааст.
Дар толорҳои барҳаво барои ҳайати шахсӣ мутобиқ ба талаботи замон ҷиҳати адои хизмати Модар-Ватан шароит фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсиро барои истифодаи муфид аз имконияти фароҳамшуда ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ вазифадор намуданд.
Дар хобгоҳи сарбозон, роҳравҳо ва атрофи қисми ҳарбӣ камераҳои назоратӣ насб шуда, буду боши афсарону сарбозон зери назорати пайваста қарор дорад.
Ҳамчунин дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти нав — маркази таълимии Қӯшунҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода, Маркази васлу насби таҷҳизоти техникаи оташнишонии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Мушфиқии пойтахтро барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ онлайн ба истифода доданд.
Дар иншооти нав мутобиқ ба талаботи замони муосир барои ҳайати шахсӣ ҷиҳати адои хизмат ва истиқомат шароит фароҳам оварда шудааст, ки ҳамааш натиҷаи ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба кормандони мақомоти милитсия мебошад.
Сипас, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Маҳсулоти тару тоза аз тарафи хоҷагиҳои ёрирасон дар ноҳияҳои Лахш, Варзоб, Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе истеҳсол ва ба афсарону сарбозон дастрас мешавад.
Омӯзиши усулҳои муосири кишту парвариши зироат, истифодаи техникаву таҷҳизоти тибқи таъйинот пешбинишуда ва ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ имкон фароҳам овард, ки афзоиши ҳамасолаи истеҳсоли маводи ғизоӣ дар хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорати корҳои дохилӣ таъмин шавад.
Зиёд намудани саршумори чорвои калону майда, оилаҳои занбӯри асал ва таъсиси корхонаҳои коркард имкон фароҳам овард, ки талаботи ҳайати шахсӣ бо гӯшту шир ва асал бештар аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони назди вазорат қонеъ гардонида шавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдорро ҷиҳати истифодаи пурраи имконияти хоҷагиҳои ёрирасон, боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти босифат ва таъмини ҳайати шахсӣ бо маводи ғизоӣ аз ҳисоби имконияти дохилии табиӣ вазифадор намуданд.