Дар Ню-Йорк вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об баргузор гардид

Submitted by admin on Fri, 10/11/2023 - 11:50
Tajikistan
123

7 ноябр бо мизбонии Швейтсария дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстони об доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

Дар нишаст масъалаҳои вобаста ба об ва чорабиниҳои дарпешистода, пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид (моҳи марти 2023) ва Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Дар чорабинӣ ба ҳайси панелистон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат, Намояндаи доимии Нидерландия Ёка Брандт, муовини Намояндаи доимии Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Исо Абушаҳоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Ҷонибек Ҳикмат аҳаммияти натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳидро таъкид намуда, дар бораи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки моҳи июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумоти муфассал ироа намуд. Инчунин Намояндаи доимӣ аз давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои СММ даъват намуд, ки дар Конфронси номбурда фаъолона иштирок намоянд.

Теги