Дар Душанбе доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ҳамоиш доир шуд

Submitted by admin on Fri, 10/11/2023 - 11:47
Tajikistan
123

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии мамлакат ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон» доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

 

Дар ҳамоиш шоиру нависандагон, сарбозону афсарон ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд. Пеш аз оғози ҳамоиш филми мустанади «Пешво» манзури иштирокчиён гардид.

 

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби маърузачиён вобаста ба нақши Пешвои миллат дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон сухан гуфта шуд.

 

Иброз гардид, ки барои миллати худшиносу худогоҳи тоҷик истиқлолу озодӣ бузургтарин неъмат, шаъну шараф, нангу номус, обрӯи байналмилалӣ ва шарти асосии мавҷудият ба ҳисоб рафта, расидан ба ин дастоварди бузург дар ин марҳила танҳо бо хиради азалӣ ва сиёсати бунёдкоронаи муҳтарам Пешвои миллат ба даст омадааст.

 

Тазаккур дода шуд, ки барои ҷавонон тамоми имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Ба ин хотир ҷавононро мебояд аз ин шароит самаранок истифода намоянд.

 

Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ҷавонони мамлакат ба хотири ободиву пешрафти Тоҷикистон чун ҳарвақта муттаҳиду пешсаф мебошанд. Ҳоло дар назди ҷавонон масъалаҳое меистанд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонон дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамоянд.

 

Дар анҷоми ҳамоиш ба якчанд иштирокчии фаъол сипоснома тақдим шуд.

Теги