Tajikistan
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.
Кодекси фазои ҳавоӣ, қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонунҳои баимзорасида ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои кории нав, танзими ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, таъмини бехатарии фазои ҳавоӣ, рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешрафти самтҳои дигари ҳаёти ҷомеа равона шудаанд.