Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдакистони «Ситораҳои дурахшон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Submitted by admin on Wed, 15/11/2023 - 07:56
Tajikistan
123

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Обшорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави муассисаи томактабии №14 ба номи “Ситораҳои дурахшон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 

Бинои нав аз се ошёна иборат буда, дорои ҳуҷраҳои корӣ, машғулиятгузаронию истироҳатӣ мебошад ва барои таълиму тарбияи 200 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

 

Баробари ба истифода додани бинои нави муассиса фарогирии кӯдакони то синни мактабӣ дар ин боргоҳи таълиму тарбия бамаротиб зиёд гардида, дар маҷмуъ 460 нафарро ташкил медиҳад.

 

Бо назардошти зиёд шудани аҳолӣ ва афзоиш ёфтани талабот ба кӯдакистон дар ҳудуди деҳоти Дадобой Холматов бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва саҳми аҳолӣ сохтмони бинои иловагии кӯдакистон амалӣ шуда, дар муҳлати кӯтоҳ бо тарҳу намои зебо ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст.

 

Бинои муассисаи томактабӣ барои тарбияи кӯдакон дар шаш гурӯҳ пешбинӣ гардида, аз синфхонаи машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, дастшӯӣ, ошхона, толорҳои мусиқӣ, варзиш ва нуқтаи тиббӣ иборат буда, дорои системаи худии гармидиҳӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки дар давраи зимистон низ раванди таълиму тарбия дар сатҳи зарурӣ бо истифода аз шароити мусоиди фароҳамгардида амалӣ шавад.

 

Муассиса мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои соҳа бунёд ёфта, ҳар гурӯҳ бо навтарин аёнияти таълимӣ, мизу курсиҳо, телевизор ва дигар воситаҳои омӯзишию фароғатӣ таъмин мебошад.

 

Таълиму тарбия дар кӯдакистон бо ҷалби мутахассисони соҳибкасб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ амалӣ мешавад. Дар ҷараёни таълим усули фаъоли ҳамгиро васеъ истифода мегардад.

 

Баробари ба истифода додани бинои нави муассиса 15 нафар ба кор ҷалб шуда, дар маҷмуъ шумораи кормандони ин муассисаи тарбиявӣ ба 45 нафар расид.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ва суҳбати гарму самимӣ бо кӯдакону мураббиён изҳор доштанд, ки зинаи нахустини таълиму тарбия ва ба камол расонидани фарзандон маҳз аз кӯдакистон оғоз меёбад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулин ҷиҳати сохтмону бунёди чунин муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ дар тамоми деҳот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Теги