Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия гардиданд

Submitted by admin on Tue, 21/11/2023 - 14:25
Tajikistan
123

21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия ташриф оварданд.

 

Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва баргузор гардид.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Русия гарму самимӣ пазироӣ намуданд.

 

Барои истиқболи шоиста майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду давлат оро ёфта, Ротаи қаровули фахрии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи гарнизони Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф ороста буд.

 

Баъди гузориши Фармондеҳи Ротаи қаровули фахрӣ ба меҳмони олиқадр дар ҳамин ҷо сурудҳои миллии ду давлат навохта шуд.

 

Маросими истиқболи расмӣ бо гузаштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назди ротаи фахрӣ ва эҳтиром ба ливои ротаи фахрӣ, гузашти тантанавии қаровули фахрии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ аз назди меҳмони олимақом ба поён расид.

Теги