Дар доираи баргузории Ҳафтаи барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) 22-25 ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Намоишгоҳи маҳсулот, хизматрасонӣ ва навовариҳои давлатҳои аъзои СПЕКА мегузарад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.
Иштирокчиёни намоиш давлатҳои аъзои СПЕКА – ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар «Маркази ЭКСПО-и ба номи Гейдар Алиев», дар масоҳати зиёда аз 4 ҳазор метри мураббаъ павилионҳои худро бо тарҳи миллӣ оро дода, молу маҳсулоти ватании худро ба маърази тамошо гузоштаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Павилиони худро дар масоҳати 250 метри мураббаъ бо тарҳу услуби замонавӣ ва дорои нақшу нигори миллӣ оро дода, молу маҳсулоти ватаниро дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, канданиҳои фоиданок, масолеҳи сохтумонӣ, мошинасозӣ, маҳсулоти кимиёвӣ ва фармасевтика, нассоҷӣ, қолинбофӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти заргарӣ ба намоиш гузоштааст.
Ҳадаф аз иштирок дар намоиш, пеш аз ҳама, ҷалби сармоя, муаррифии иқтидори молу маҳсулоти ба содирот нигаронида, дарёфти шарикони нави ҳамкор ва бозорҳои нави содиротӣ мебошад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар ин намоиш маҳсулоти зиёда аз 50 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва беш аз 30 намояндагони бахши хусусӣ, ҳунармандон ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат намоиш дода мешавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, 22 ноябр Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев дар доираи ташрифи худ ба Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо молу маҳсулоти ватанӣ аз наздик шинос шуд.
Зимни шиносоӣ аз ҷониби раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ба меҳмони олиқадр маълумоти муфассал вобаста ба раванди саноатикунонии мамлакат, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти коркардшуда, обҳои ташнагишикан, асал, хушкмева, маҳсулоти қаннодӣ, қолинбофӣ, либосҳои миллии чакан, атласу адрас ва кӯдакона, маҳсулоти ороишии коркарди санг, намунаҳои канданиҳои фоиданок ва ғайра манзур гардид.
Ҳамзамон аз ҷониби роҳбари Лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» Саъдӣ Самадзод рӯнамо аз корҳои баанҷомрасонида ва нақшаҳои оянда вобаста ба рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши меҳмони олимақом гардид.
Дар навбати худ Илҳом Алиев ба Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ҳайати Тоҷикистонро барои иштирокашон хайрамақдам ва сипосгузорӣ намуд.
Намоишгоҳ то 25 ноябр идома ёфта, дар доираи баргузории он имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳ боздид ба амал оварданд.