Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев мулоқот анҷом доданд

Submitted by admin on Wed, 29/11/2023 - 08:39
Tajikistan
124

Имрӯз дар Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев мулоқот анҷом доданд.

 

Зимни суҳбат Пешвои миллат ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба тавсеаи пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат, аз ҷумла ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи муҳими онҳо таъкид намуданд.

 

Сарвари давлат дар ин замина иброз намуданд, ки имрӯз беш аз 80 субъекти Федератсияи Русия бо Тоҷикистон робитаи мустақим доранд.

 

Дар байни онҳо вилояти Свердловск ҷои муҳимро ишғол менамояд ва ҷониби Тоҷикистон омода аст пешниҳодҳои Губернатори вилояти Свердловскро оид ба ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намояд.

 

Президенти мамлакат инчунин муҳимияти густариши ҳамкории сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолиро дар бахшҳои гуногуни саноатӣ, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, мошинсозӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон таъкид намуданд.

 

Пешвои миллат ҳамчунин мавзуи муҳими рӯзномаи Тоҷикистон ва Русия – фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони мо дар Русияро иброз намуданд.

 

Соҳаҳои энергетика, дорусозӣ ва сайёҳӣ низ самтҳои дурнамодори ҳамкорӣ маънидод шуданд.

 

Дар фарҷоми мулоқот Пешвои миллат махсус таъкид доштанд, ки барои рушди рӯзафзуни ҳамёрии ҷонибҳо тақрибан дар тамоми соҳаҳо заминаи ҷиддӣ мавҷуд аст ва ҷонибҳоро зарур аст, ки минбаъд низ барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ саъю кӯшиши муштарак ба харҷ диҳанд.

Теги