Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита Саид Нуриддин Саид бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот доираи васеи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаи телевизион ва радио мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Нуриддин Саид дар оғози доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти Кумита маълумот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки рушди соҳаи телевизион ва радио дар ҷумҳурӣ, асосан ба давраи соҳибистиқлолии мамлакат рост меояд. Зеро, маҳз дар ин давра бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии шакли моликияташон гуногун ба фаъолият шурӯъ карда, дар таъмини фазои иттилоотии мамлакат саҳми босазо мегузоранд.
Доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дахл намуда, Нуриддин Саид ёдовар шуд, ки Созишнома дар бораи њамкорї байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Иттињодияи телевизион ва радиои Туркия яке аз ин санадњои муҳими њамкории дуљониба дар соњаи воситањои ахбори омма мебошад, ки 18 декабри соли 2012 дар шањри Анќара ба имзо расида, дар вусъат бахшидан ба њамкорињо дар соњаи телевизион ва радиошунавонї наќши муњим гузошт.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои сохторҳои марбута дар соҳаи телевизион ва радио, аз ҷумла табодули таҷриба, ташкили курсҳои такмили ихтисос, касбомӯзии кормандон, баргузории муштараки чорабиниҳои соҳавӣ ва ҳамкориҳои техникӣ низ табодули афкор намуданд.
Умут Аҷар омодагии кишвари худро ба ҳамкорӣ дар самтҳои баррасишуда изҳор намуда, таъкид дошт, ки дар давоми фаъолияти дипломатии худ, кӯшиш менамояд дар соҳаи телевизион ва радио низ ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия сатҳу сифати боз ҳам беҳтар касб намояд.
Котиби матбуот Иброҳим Аҳмад