Имрӯз дар Маҷмааи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи миллии молу маҳсулоти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ки дар он беш аз 50 ширкати эронӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва дигар самтҳо маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Иттилоъ дода шуд, ки давоми 31 соли Истиқлолияти давлатӣ байни Тоҷикистон ва Эрон ҳудуди 200 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки аз густариши робитаҳои ду давлати дӯсту ҳамзабон дарак медиҳад. Аз ҷумла, моҳҳои январу сентябри соли равон гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Эрон 175 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 17,9 млн доллар ё 11 фоиз зиёд аст.
Ширкати «Sorbon» ва «Kalleh» яке аз бузургтарин ва маъруфтарин ширкатҳои тавликунандаи маҳсулоти ғизоӣ дар Эрон ба ҳисоб меравад. Мудири фурӯши ширкатҳои номбаршуда Афшор изҳор дошт, ки онҳо беш аз 7 ҳазор номгӯи маҳсулоти ғизоиро истеҳсол намуда, наздики 6 моҳ аст, ки онро дохили бозорҳои Тоҷикистон намудаанд.
«Ширкати мо намудҳои гуногуни маҳсулоти ширӣ, шоколодӣ, соусӣ, нӯшобаҳо ва ҳар он чӣ ки дар сабади ғизоии мардум аст бо сифати хуб истеҳсол месозад. Яке аз муҳимтарин ҳадафи мо ин аст, ки тавонем маҳсулоти хуби эрониро бо сифат ва нархҳои дасрас ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод намоем»,- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Афшор, ширкати онҳо бо аксар фурӯшгоҳҳои бузурги Тоҷикистон, аз ҷумла «Ёвар», «Пайкар», «Relax» ва бозорҳои «Фаровон», «Меҳргон»-и шаҳри Хуҷанд ҳамкориро ба роҳ мондааст. Маҳсулоти онҳо ба беш аз 35 кишвари дунё содирот мешавад.
«Он таҷрибае, ки дар содироти маҳсулот ба кишварҳои гуногуни олам доштем, имкон дод, то давоми 6 моҳ маҳсулоти хешро дар бозорҳои Тоҷикистон муаррифӣ намоем ва харидори бештар пайдо намоем. Шиори мо низ ин аст, ки аҳолӣ ғизои солимро истифода баранд. То ба имрӯз мо чанд намуди муштарӣ дорем- фурӯшгоҳҳо ва марказҳои савдои бузург, мағозаҳои хурд, бозору тарабхонаҳо, ки бо онҳо ҳамкории хубро ба роҳ мондаем»,-афзуд номбурда.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки фаъолияти босамари ширкатҳои муштараки Тоҷикистон ва Эрон дар мамлакат бисёр хуб ба роҳ монда шудааст, ки ба он фаъолияти ширкати «Тоҷирон» мисол шуда метавонад.
Ҳамзамон изҳор гардид, ки фаъолияти назарраси дигар ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон, ки шумораашон беш аз 200 адад мебошад, гувоҳи сол то сол густариш ёфтани ҳамкории ду давлати дўст мебошад.
Намояндаи ширкати «ARAD» Нозанини Алавӣ аз шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки корхонаи онҳо тавлидкунандаи таҷҳизоти тиббӣ ва инплантҳои тиббӣ дар заминаи ортопедӣ ва дандонпизишкӣ мебошад, изҳори умедворӣ намуд, ки намоишгоҳ заминаи хуб барои ҳамкории минбаъда ва содироти таҷҳизот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
«Иштирок дар ин намоишгоҳ барои корхонаи мо маротибаи аввал буда, тибқи музокироте, ки бо намояндагон ва духтурони самти ортопедӣ дошем, умедворем ҳамкории хуберо ба роҳ монем. Мардуми Тоҷикистон бисёр самимию меҳмоннавоз ва ҳамзабони мо ҳастанд, ки ин барои ҳамкории дуҷониба фазои мусоиду созгор фароҳам меорад. Аз суҳбатҳое, ки то имрўз доштем, умедворем ҳамкорӣ тақвият ёфта, содироти таҷҳизот ба роҳ монда мешавад»,-гуфт ӯ.
Ташаббускорони намоишгоҳ, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон ба ҳисоб мераванд, ҳадаф аз баргузории онро муаррифии дастовардҳои илмию фаннӣ, маҳсулоти ширкатҳои эронӣ дар бахшҳои энергетика, сохтмон, саноати сабук, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ унвон намуданд.
Бояд гуфт, ки намоишгоҳ то 29 декабр идома ёфта, соҳибкорони Тоҷикистон дар он иштирок намуда, имкони пайдо намудани шарикони нави тиҷоратиро бо намояндагони ширкатҳои эронӣ ба даст меоранд. Ҳамзамон сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд аз истеҳсолкунандагони эронӣ молу маҳсулотро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.
Намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардида, ба густариши робитаи тиҷоративу иқтисодӣ ва афзоиши гардиши мол байни ду давлат кумак менамояд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»