Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Submitted by admin on Thu, 04/01/2024 - 11:26
Tajikistan
123

4 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

 

«Ҷаноби Олӣ,

 

Дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори ҳамлаи террористӣ дар Кирмон, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардид, ҳамдардӣ ва таслияти амиқи ин ҷонибро ба Шумо, мардуми дӯсту бародари Эрон, пайвандону наздикони ҷонбохтагон иброз менамоям.

 

Аз Худованди мутаол барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои оҷилу комил мехоҳам.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша терроризмро дар ҳама гуна зуҳуроташ шадидан маҳкум намуда, зарурати муборизаи беамонро бар зидди он мудом таъкид менамояд».

Теги