Сада рамзи пирӯзии гармиву нур бар сардӣ ва торикӣ ба ҳисоб рафта, рамзи асосии он гулхани фурӯзони оташ мебошад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада иброз намуданд.
Дар идома гуфта шуд, ки яке аз рамзҳои ҷашни Сада аз болои оташ паридану нияти саломативу тандурустиву рӯйсурхӣ намудан мебошад, ки то кунун дар байни мардум чун маросими «аловпарак» маъмул аст.
Тавре Пешвои миллат тазаккур доданд, то фарорасии ҷашни Сада кишоварзон ҷӯйбору заҳкашҳоро ба тартиб дароварда, яхобмонии боғу токзор ва обшӯйкунии заминҳоро анҷом медоданд. Бахусус, дар ин давра тартиби кандани ниҳолҳо барои бунёди боғҳои нав аз ҷониби пирони рӯзгордида, маросими идонаи дарахтбурӣ, шаклдиҳии дарахтони мевадиҳанда ва тоза намудани атрофи дарахтони сояафкан ба амал меомад.
«Пас аз таҷлили ҷашни Сада деҳқонон аз фароғати зимистона берун омада, дар андешаи мавсими нави кишоварзӣ ва боғдорӣ мешуданд, — ёдовар шуданд Сарвари давлат. — Зеро маҳз дар ин айём дар қишри Замин бедорӣ оғоз мегардад, ки замину замону табиатро барои эҳё омода месозад».