«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ». Имрӯз дар Душанбе ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид

Submitted by admin on Sun, 28/01/2024 - 13:03
Tajikistan
123

Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ- Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати хосса таҷлил гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷашнгоҳ.

 

Дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан, ки рамзи ин ид аст, афрӯхта шуда, дар атрофи он сокинон ва меҳмонони пойтахт рақсида, таронахонӣ ва шодмонӣ менамуданд. Фазои боғ идона оро ёфта, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороиширо пешниҳоди сокинон гардонида, техникаҳои соҳавӣ, техникаҳои кории кишоварзӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш гузоштанд.

 

Дар тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Сада муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, роҳбарияти вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ, инчунин аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

 

Иброз шуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, чун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буда, ба мардум муждаи омад-омади баҳорро меоварад ва деҳқононро ба кишту кори саҳро омода менамояд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.

 

Аз аҳди бостон то ин дам мардуми кишоварз ҳар сол иди Садаро интизорӣ мекашанд. Бо ин умед марди деҳқон каландашро ба замин мезанад, то дар фасли баҳор ба ҳосили фаровон замина гузорад. Деҳқонон дар айёми Сада тухмиҳои хушсифати зироат ва нуриҳои зарурӣ дастрас намуда, асбоби корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза намуда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро амалӣ менамоянд. Ҳамчунин шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо зараррасону касалиҳо анҷом медиҳанд. Хоҷагидорон низ дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, паранда, занбӯри асал ва моҳӣ, ҳолати зоогигиении ҷойҳои нигоҳдорӣ, ҳифзи растанию наботот аз касалиҳо ва ғайра амалӣ мегардонанд.

 

Дар ин рӯз чун анъанаи ҷашни Сада аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста шуда буд. Дар дастурхони ҷашнӣ тибқи оини аҷдодӣ, бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин хӯрокҳои хушлаззат-мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳоди меҳмонону сокинон гардонида шуданд.

 

Чун анъана занони тоҷик аз ҳар гӯшаву канори мамлакат хони идона оростаанд, ки дар он хӯрокҳои миллӣ, ки хоси ҳар минтақаи ҷумҳурӣ дониста мешаванд, гузошта шудаанд.

 

Азбаски Сада ҷашни кишоварзон мебошад, иди касбии олимони соҳа низ ба шумор меравад. Кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ин ид, рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба кишоварзон тавсияномаҳо пешниҳод намуданд.

 

Дар базмгоҳи ҷашни бостонии Сада дар радифи намоиши ниҳолу зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ин ҷашн аст, бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гӯшаи имконоти сайёҳии мамлакат пешниҳоди иштирокдорони тантанаҳои идона гардонида шуд.

 

Ҳамчунин дар ин рӯз намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ ва гулу буттаҳо баргузор шуд, ки мардум бо нархи дастрас аз онҳо харидорӣ намуданд.

 

Дар анҷоми тантанаҳои идонаи ҷашни Сада ба кишоварзон ва фаъолони соҳаи кишоварзӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

 

Доир ба ҷашни Сада шоирони классику муосири мо ашъори зиёде сурудаанд. Аз таҳлили осори қасидасароён ва ситоишгарони аҳли дарбор чунин бармеояд, ки ҷашни Сада аксаран дар қаламрави шаҳриёрони ориёӣ шабҳангом доир шуда, дар ҳар манзилу кӯю кӯча бо ҷамъомади ҷавонон, суҳбати мардони рӯзгордида, бо нишоту шодмонӣ баргузор мегардидааст.

 

Тавре Унсурӣ мефармояд:

 

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Аз Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

 

Ёдовар мешавем, ки 6 декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.

 

 Шаҳлои САДРИДДИН,

Тоҳир САИД (АКС)

Теги