Дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки ҷашни Сада бо пешниҳоди Тоҷикистон 6 декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Касанеи кишвари Ботсвана баргузор гардид, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид шуд.
Дар идома таъкид гардид, ки ин рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ боиси ифтихори ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти мамлакат ва гувоҳи равшани инсонмеҳварии ҷашнҳои миллии мо мебошад.
«Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бояд арзишҳои миллии худро, ки ҷашнҳои миллӣ ҷузъи муҳимми онҳо мебошанд, ҳифз намуда, барои боз ҳам таҳкиму густариш ёфтани онҳо мусоидат намоем, — изҳор намуданд Сарвари давлат. — Кинаҳоро аз қалбҳо дур намудан, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона, сарсабзу хуррам гардонидани кӯчаву хиёбону гулгаштҳо ва ободу зебо намудани маҳалли зист аз суннатҳои дерини ҷашнҳои миллии мо, аз ҷумла Сада мебошанд».
Президенти мамлакат изҳори итминон намуданд, ки мардуми мо ин анъанаи некро ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ободии Тоҷикистон ҳамарӯза ва дар тамоми қаламрави мамлакат ба таври васеъ истифода менамояд.