Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нав дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, иқдоми назаррас дар роҳи беҳтарсозии шароити зисти кормандони сохторҳои давлатӣ ва мутахассисони баландихтисоси соҳа арзёбӣ мегардад.