Ахбор

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд

Submitted by admin on Fri, 21/03/2025 - 14:08

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум

сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд

 

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

 

Ҷазои 897 шахсе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд, тибқи рӯйхати замимагардида бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шаванд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе

Барқияҳои табрикӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз

Submitted by admin on Fri, 21/03/2025 - 14:02

ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз номи як қатор сарони давлатҳо ва роҳбарони Ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз паём ва барқияҳои шодбошӣ ворид мегарданд. Дар онҳо, аз ҷумла омадааст:  

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ҷаноби Олӣ,

Барқияҳои табрикӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз

Submitted by admin on Fri, 21/03/2025 - 14:02

ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз номи як қатор сарони давлатҳо ва роҳбарони Ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз паём ва барқияҳои шодбошӣ ворид мегарданд. Дар онҳо, аз ҷумла омадааст:  

 

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

 

Ҷаноби Олӣ,

 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум иштирок намуданд

Submitted by admin on Wed, 19/03/2025 - 13:52

ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисто, даъвати ҳафтум иштирок ва суханронӣ намуданд.

Кори иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати нави вакилони мардумӣ, ки рӯзи 2 марти соли равон интихоб шуданд, аз ҷониби вакили аз ҳама калонсол, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода кушода эълон гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Submitted by admin on Wed, 19/03/2025 - 08:56

ДУШАНБЕ, 18.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. 

Масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба, ҳамчунин, мавзуоти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президентҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.

Сарварони ду давлат ҳамдигарро бо фарорасии идҳои Наврӯз ва Иди саиди Фитр табрик намуданд.

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Wed, 19/03/2025 - 08:54

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Додоматзода Фахридин бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи суди шаҳри Ҳисор озод карда шавад.

2. Аҳрорзода Шуҳрат Аслон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси суди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
18 марти соли 2025
№978

 

Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия

Submitted by admin on Mon, 17/03/2025 - 08:41

ДУШАНБЕ, 16.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо ворид шуданашон ба шаҳри Москва оғоз ёфт.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Москва баргузор гардид.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ пазироӣ карданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд

Submitted by admin on Sat, 15/03/2025 - 12:05

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, инчунин масоили мубрами минтақавӣ баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Тоҷикистон баҳри рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он, талошҳои зарурӣ ба харҷ медиҳад”.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расид

Submitted by admin on Thu, 13/03/2025 - 23:00

Бегоҳии рӯзи 13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари давлатии худро ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расонданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Бишкек Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров гусел намуданд.

Сафари давлатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ду рӯз идома ёфт.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар шахсони воломақом гуфтушуниди муфассал анҷом доданд.