Президенти Тоҷикистон: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бояд арзишҳои миллии худро ҳифз намоем»
Дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки ҷашни Сада бо пешниҳоди Тоҷикистон 6 декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Касанеи кишвари Ботсвана баргузор гардид, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид шуд.
Дар идома таъкид гардид, ки ин рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ боиси ифтихори ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти мамлакат ва гувоҳи равшани инсонмеҳварии ҷашнҳои миллии мо мебошад.