Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтанд

Submitted by admin on Mon, 08/01/2024 - 11:56

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Ҷиҳати ҳавасмандсозии иштирокчиён «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 ба 4 адад зиёд гардид

Submitted by admin on Mon, 08/01/2024 - 11:56

Имсол ҷиҳати ҳавасмандсозии иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Fri, 05/01/2024 - 14:41

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

 

аз 5 январи соли 2024 №2

ш. Душанбе

 

Дар бораи муовини якуми вазири корҳои хориҷии

Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Насредин Исматулло

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

 

Насредин Исматулло муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

 

аз 5 январи соли 2024 №3

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Fri, 05/01/2024 - 14:38

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва

Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии

Исломии Покистон озод намудани Насредин Исматулло

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

 

Насредин Исматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Бангладеш озод карда шавад.

 

Президенти