Аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз зиёд мешавад

Submitted by admin on Thu, 28/12/2023 - 17:12

Аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд гардад. Дар ин хусус имрӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуд.

 

Ҳамзамон Сарвари давлат дастур доданд, ки аз 1 июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ, инчунин иловапулии онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраргардидаашон зиёд гардад.

 

Соли 2024 дар Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид

Submitted by admin on Thu, 28/12/2023 - 17:11

Соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

 

Пешниҳоди дахлдор имрӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардонида шуд.

 

Тамошои дастҷамъонаи Паёми Презиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар Кумита

Submitted by admin on Thu, 28/12/2023 - 17:06

28 декабри соли 2023 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки ҷараёни он ба таври мустақим тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ инъикос шуд.

 

Мулоқоти Раиси Кумита бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон

Submitted by admin on Wed, 27/12/2023 - 17:15

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита Саид Нуриддин Саид бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гардид.

 

Дар вохӯрӣ як қатор масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ гардид.