Мулоқоти Раиси Кумита бо Сафири Ҷумҳурии Туркия
Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита Саид Нуриддин Саид бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот доираи васеи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаи телевизион ва радио мавриди баррасӣ қарор дода шуд.