Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид

Submitted by admin on Thu, 18/09/2025 - 11:22

ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар ду даҳсолаи охир кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, сохторҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии сайёра ба ҳам овардаанд.

 

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Submitted by admin on Wed, 17/09/2025 - 12:00

17.09.2025, шаҳри Душанбе

 

Ҳозирини гиромӣ!

 

Вохӯрии имрӯзаи мо дар бинои навбунёди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон баргузор мегардад.

 

Ҳамаи шумо – кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми дӯстдорони табиати Ватанамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.

 

Бинои имрӯза аз 94 утоқи муосиру барҳавои корӣ, 4 толор барои мулоқоту вохӯриҳо, китобхона ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.

 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист мулоқот намуданд

Submitted by admin on Wed, 17/09/2025 - 11:54

ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону кормандони соҳа мулоқот намуданд.

 

Нахуст, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои онро ба муносибати ифтитоҳи иншооти муосир – бинои муосири кумита самимона табрик гуфтанд.

 

БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус

Submitted by admin on Mon, 08/09/2025 - 09:00

ДУШАНБЕ, 08.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард. Мо дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Дар робита ба он тавсифҳои истиқлолиятро аз суханҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди хонандагон менамоем.