Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд

Submitted by admin on Tue, 23/09/2025 - 13:00

ДУШАНБЕ, 23.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар медиҳад.

 

Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд

Submitted by admin on Tue, 23/09/2025 - 11:40

ДУШАНБЕ, 23.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар медиҳад.

 

Дар Ню-Йорк аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим ёдовар шуданд

Submitted by admin on Tue, 23/09/2025 - 10:57

ДУШАНБЕ, 23.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии сатҳи баланд оид ба дипломатияи об иштирок ва суханронӣ намуд.

 

Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ вориди шаҳри Бишкек шуданд

Submitted by admin on Tue, 23/09/2025 - 10:03

ДУШАНБЕ, 23.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сафари корӣ вориди шаҳри Бишкек шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар доданд.