Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Wed, 07/02/2024 - 12:08

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори Агентии

назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сафарзода С.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

 

Сафарзода Суҳроб бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Сафири Давлати Қатар Муборак ибни Абдурраҳмон Ал-Насрро ба ҳузур пазируфтанд

Submitted by admin on Wed, 07/02/2024 - 12:05

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборак ибни Абдурраҳмон Ал-Насрро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.

 

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

 

Хабар мукаммал гардонида мешавад.

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кореяро ба ҳузур пазируфтанд

Submitted by admin on Wed, 07/02/2024 - 12:04

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсокро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.

 

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

 

Хабар мукаммал гардонида мешавад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии хизмати давлатӣ ва Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Submitted by admin on Wed, 07/02/2024 - 11:40

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.