Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев»-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиеви ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нави дуошёна дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар масоҳати 0,17 гектар замин қомат афрохта, барои 300 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.