Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Опубликовано admin - пн, 24/11/2025 - 18:36

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар/. 24 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам муҳтарам Лионг Кионг барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Хабари талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти сангин бар асари боришот ва обхезиҳои шадид дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ

Опубликовано admin - пн, 24/11/2025 - 06:00

24 ноябри соли 2025

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва шарафу ифтихори миллӣ самимона табрик мегӯям.

Парчами давлатӣ барои ҳар як миллати соҳибтамаддун рамзи истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, озодихоҳӣ ва азму иродаи қавии мардум мебошад.

Ҳамчунин, парчами давлатӣ нишонаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва талошу муборизаҳои миллат ба хотири истиқлолу озодӣ ба ҳисоб меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд

Опубликовано admin - сб, 22/11/2025 - 10:21

ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Чин яке аз шарикони калидии иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон буда, дар низоми муносибатҳои иқтисодии хориҷии кишвари мо мавқеи пешсафро ишғол мекунад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд

Опубликовано admin - чт, 20/11/2025 - 14:07

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд.

Иншоот бо мақсади таъмин намудани эҳтиёҷоти хадамоти хизматрасонии техникӣ, ки фаъолияташ ба хизматрасонӣ ва дастгирии техникии ҳавопаймоҳо вобаста мебошад, дар масоҳати 936 метри мураббаъ бунёд шудааст.