Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хати оби нӯшокиро ба истифода доданд
14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали “Лоиҳаи барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаҳои оби нӯшокии деҳоти Зарзамин” -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди истифода қарор доданд.
Бо пурра татбиқ шудани ин лоиҳа, ки 2 марҳиларо дар бар мегирад, зиёда аз 14 ҳазор нафар сокинони деҳоти Зарзамин бо оби ошомиданӣ таъмин мешаванд.