Дар Тоҷикистон ба ду ширкати хусусӣ иҷозатномаи ворид намудани Интернети баландсуръат дода шуд
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду ширкати ватании бахши хусусӣ иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии Интернетро дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқа хабар медиҳад.
Ин тадбир дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани суръати Интернет ва паст намудани арзиши он андешида мешавад. Ин иқдом муҳиму зарурӣ буда, барои кам намудани арзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет шароити мусоид фароҳам меорад.