Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» ва вазифаҳо барои соли 2013

Submitted by admin on Mon, 28/11/2022 - 09:54

Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» 24 майи соли 2013 дар ш. Душанбе, к. Интернатсионалӣ, 85 толори маҷлисгохи ҶСК «Телерадиоком» баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаҳои зерин дида шуданд:
1. Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти кори ҶСК «Телерадиоком» дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013.
2. Тасдиқи ҳисоботи молиявӣ ва тавозуни соли 2012.
3. Ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ.

ҶСК «Телерадиоком» имрўз 4 барномаи давлатии телевизион ва радиоро дар ҳудуди кишвар ва берун аз он пахш менамояд.

Submitted by admin on Tue, 22/11/2022 - 10:17

ҶСК «Телерадиоком» имрӯз 4 барномаи давлатии телевизион ва радиоро дар ҳудуди кишвар ва берун аз он пахш менамояд. Имрӯз бо барномаҳои телевизионӣ Миллӣ 99,72, бо барномаҳои Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» 92,70, бо барномаҳои Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон 88,87 ва бо барномаҳои Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» 78,94 фоизи аҳолии мамлакат фаро гирифта шудааст.

Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи телекоммуникатсия. Таҷҳизоти серверӣ ва шабакавӣ барои телекоммуникатсионӣ

Submitted by admin on Wed, 27/04/2022 - 12:50
Стремительное развитие телекоммуникаций – одна из отличительных черт современной экономики. Считается, что удвоение количества информации, передаваемой через все средства электрической связи, происходит в последнее время за 2-3 года. Практически во всех странах рост сектора телекоммуникаций осуществляется более высокими темпами, чем повышение экономики в целом. В наши дни информация становится едва ли не самым главным экономическим ресурсом. Последние 20-30 лет характеризуются невероятным совершенствованием технологий передачи электрических сигналов, которые повлекли за собой создание новых услуг и сервисов.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент

Submitted by admin on Wed, 27/04/2022 - 12:38

Ҳамватанони азиз!

Кулли сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Панҷакенти бостонӣ ва ҳар яки шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба шумо барои заҳмати созандаву ватандӯстона ва истиқболи гарму самимиатон изҳори сипос менамоям.

Мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон ҳанӯз аз давраҳои хеле қадим ҷашни соли нави аҷдодии худ, яъне Наврӯзро бо тозаву обод кардани манзили истиқоматӣ, муҳити зист,