Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд

Submitted by admin on Tue, 17/06/2025 - 08:38

ДУШАНБЕ, 16.06.2025 /НИАТ «Ховар»/. 16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин” вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ машварати корӣ доир намуданд

Submitted by admin on Wed, 11/06/2025 - 18:08

ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 11 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ машварати корӣ доир намуданд.

Дар машварат масоили вобаста ба таъмини амният ва оромию субот дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд

Submitted by admin on Mon, 09/06/2025 - 08:33

ДУШАНБЕ, 08.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар чорабинии имрӯза ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускори “Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ” иштирок дорад.