Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиан бо намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд

Submitted by admin on Thu, 18/05/2023 - 22:50

18 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиан бо намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ намояндагони беш аз 40 ширкати бонуфузи сармоягузорӣ ва тиҷоратии Чин иштирок намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки мулоқоти имрӯза ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни давлатҳо ва мардумонамон такони ҷиддӣ мебахшад.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

Submitted by admin on Thu, 18/05/2023 - 12:40

18 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин идома ёфт.

Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари кишвари мизбон, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.