Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов аз манзараҳои зебову нотакрори ноҳияи Варзоб боздид намуданд
11 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавзеи зебову нотакрори мамлакат дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.
Сарони давлатҳо аз мавзеи Такоб боздид намуда, табиати зебо ва манзараҳои нотакрори ноҳияи Варзобро тамошо карданд.
Сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.