Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Submitted by admin on Sat, 06/05/2023 - 10:27

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.

Зимни суҳбат сарони ду давлат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматиро дар ояндаи наздик баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин оид ба масъалаҳои алоҳидаи дорои хусусияти байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом дода шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот намуданд

Submitted by admin on Thu, 04/05/2023 - 19:23

4 май дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон, аз ҷумла заминаи ҳуқуқии байни давлатҳо ва робитаҳои байнипарлумонии ду давлат баррасӣ гардид.

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи мулоқоту музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Submitted by admin on Thu, 04/05/2023 - 19:22

04.05.2023, Қазоқистон

Ташаккур, муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич.
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Нахуст, мехостам ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Токаев барои даъваташон ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Қазоқистони дӯст сидқан изҳори сипос намоям.

Ҳамчунин, ба Шумо муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич барои сарфароз гардонидани ман бо ордени «Алтин Қирон» миннатдории амиқи худро иброз медорам.