Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол кӯдакистони «Дӯстӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд кӯдакистони “Дӯстӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои хуштарҳу замонавии муассисаи томактабӣ аз 2 ошёна иборат буда, барои 300 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Кӯдакистон дорои 6 синфхонаи машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, нуқтаҳои дастшӯӣ, толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ барои маъмурият ва кормандон, нуқтаи тиббӣ, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.