Имрӯз дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор шуд
Табодули мол байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон соли сипаригардида беш аз 6 миллион долларро ташкил дод. Чунин гуфта шуд дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон, ки дар арафаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.