Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»
Муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо,
Муҳтарам Дабири кулл,
Муҳтарам Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милал,
Ҳозирини гиромӣ,
Шуморо дар ин ҳамоиши муҳимми таърихӣ шодбош гуфта, сипоси амиқи худро ҷиҳати иштироки фаъолатон дар раванди омодагии он иброз менамоям.
Басо рамзист, ки ҳамоиши мазкур ба Рӯзи ҷаҳонии об ва ҷашни байналмилалии Наврӯз рост меояд.
Ҳамаи шуморо ба ин муносибат сидқан табрик мегӯям.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад.