РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Женева вохӯрии 17-уми Гурӯҳи дӯстони об ва сулҳ баргузор шуд

Submitted by admin on Thu, 01/12/2022 - 19:35

                                                  

30 ноябр дар маркази матбуотии Женева вохӯрии 17-уми Гурӯҳи дӯстони об ва сулҳ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ дар Женева хабар доданд.

Номинаҳои Тоҷикистон дар иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО баррасӣ мегарданд

Submitted by admin on Tue, 29/11/2022 - 11:27

Имрӯз, 28 ноябр иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш ба кор оғоз намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати Тоҷикистонро котиби масъули Комиссияи миллии ЮНЕСКО Зулфия Бурхон раҳбарӣ мекунад.

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Submitted by admin on Tue, 29/11/2022 - 11:23

 

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як санаи муҳимми таърихӣ – сиюмин солгарди қабули Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил менамоянд.

Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Фарогирии аҳолӣ бо пахши барномаҳои телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Mon, 28/11/2022 - 16:50

Фарогирии аҳолӣ бо пахши барномаҳои телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии барномаҳои шабакаҳои давлатии

телевизион ба ҳолати 1 апрели соли 2021:

 

Телевизиони Тоҷикистон– 72,0%
 «Сафина» – 72,0%
«Баҳористон» – 72,0%
«Ҷаҳоннамо» – 72,0%
«Варзиш» – 72,0%
«Синамо» – 72,0%