Дар Душанбе ҳавопаймои «L410 NG» муаррифӣ карда шуд
Имрӯз ширкати чехии «LET Aircraft Industries» дар ҳамбастагӣ бо Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймои L410 NG-ро муаррифӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Сомон Эйр».
Дар муаррифӣ намояндагони «LET Aircraft Industries» оид ба имконияти техникии ҳавопаймо ба хабарнигорон маълумот доданд. Баъдан намояндагони расмӣ, роҳбарони корхонаҳои авиатсионӣ ва хабарнигорон ба парвози намоишӣ даъват гардида, дар ҷараёни парвоз бо кори ҳавопаймои истеҳсоли Чехия шинос шуданд.