Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Submitted by admin on Mon, 31/03/2025 - 10:01

ДУШАНБЕ, 31.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 март Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барои мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд меҳмони воломақомро ба нишони накуҳамсоягӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раванди бунёди боғи интенсивӣ шинос шуданд

Submitted by admin on Sat, 29/03/2025 - 23:01

ДУШАНБЕ, 29.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 март сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид.