Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Submitted by admin on Fri, 28/02/2025 - 11:40

Ҳамватанони гиромӣ!

Фардо моҳи мубораки Рамазон, ки ҳар рӯзи он барои мардуми мусулмон мактаби парҳезгорӣ, худшиносиву инсондӯстӣ ва ҳимматбаландиву хайру сахо мебошад, фаро мерасад.

Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, ба хонадонатон саломатӣ, файзу баракат ва ризқу рӯзии фаровон мехоҳам.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳоло дар марҳалаи ташаккул ва такомули давлати миллӣ, яъне дар раванди давлатсозӣ ва давлатдории навини худ қарор дорад.

Мусаллам аст, ки дар раванди давлатсозиву давлатдорӣ арзишҳои ахлоқӣ ва эътиқодӣ нақши муҳим мебозанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Submitted by admin on Fri, 28/02/2025 - 11:35

26 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони давлатҳо масъалаҳои кунунии рӯзномаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, тадбирҳои минбаъдаро ҷиҳати густариши ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд муайян намуданд.

Ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом ёфта, аҳамияти идомаи ҳамкории судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид гардид.

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид

Submitted by admin on Fri, 28/02/2025 - 11:30

25 феврал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти кишвар баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзои Шурои амният, кормандони дастгоҳи Шурои амният, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок намуданд.

Дар ҷаласа вазъи таъмини амну субот, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таҳкими қудрати дифоии давлат баррасӣ шуд.

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Submitted by admin on Fri, 28/02/2025 - 11:25

24 феврали соли 2025 бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин сурат гирифт.

Сарони ду давлат ҷараёни иҷрои тавофуқҳоеро, ки дар пайи сафари Президенти Тоҷикистон ба Русия рӯзи 24 декабри соли 2024 ҳосил шуда буд, дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, амниятӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ баррасӣ намуданд.