Маълумот доир ба азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи соли 2014

Submitted by admin on Thu, 13/07/2023 - 10:24

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2023, №35 дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», Хадамот дар ҳамкорӣ бо ВКД ҶТ, КДАМ ҶТ ва Ширкатҳои алоқаи мобилӣ, ки қарори дар боло зикршуда то 15 феврали соли 2024 тамдид карда шуд, корҳои санҷиши хариду фурӯши симкортҳо, пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар доираи қарори мазкур гузаронида

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд

Submitted by admin on Wed, 12/07/2023 - 16:15

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суҳроб Қурбонзода аз вазифаи сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Рустам Мирзомуродзода ба вазифаи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Wed, 12/07/2023 - 16:14

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Испания
озод намудани Ҳомидов Ҷ.Т.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҳомидов Ҷамшед Тағоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Испания озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
12 июли соли 2023
№601

 

«ИННОПРОМ-2023». Дар 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид

Submitted by admin on Wed, 12/07/2023 - 16:12

10 июл дар ҳошияи Намоишгоҳи 13-уми байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ-2023», ки дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия идома дорад, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар ҳамоиш бахшида ба ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи саноат иштирок намуд. Дар ин Намоишгоҳ гӯшаи саноатии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он маҳсулоти ватании ба содирот нигаронидашуда ба намоиш гузошта шудааст. Иштирокдорони ин чорабинӣ дар гўшаи Тоҷикистон метавонанд бо имконияти саноатии ҷумҳурӣ шинос шаванд.