Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - пт, 24/04/2026 - 12:10

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти Маҷмааи гармхонаҳои Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Гулнур» оғоз бахшиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд

Опубликовано admin - пт, 24/04/2026 - 11:30

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи Тоҷик глобал инвест ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд.

Коргоҳи истеҳсоли панҷараҳои оҳанин дар заминаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Заводи таҷрибавӣ–механикии шаҳри Норак бунёд ёфт. Иншооти нави саноатӣ барои наздик шудан ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — Саноатикунонии босуръати кишвар сохта шуда, дорои таҷҳизоту технологияи муосир мебошад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - пт, 24/04/2026 - 11:10

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии “Глобал Инвест”-ро мавриди истифодабарӣ  қарор доданд.

Корхонаи саноатии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аз ҷониби соҳибкори ватандуст Хуҷамурод Азимӣ дар доираи таҷлили сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншоти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд

Опубликовано admin - пт, 24/04/2026 - 10:32

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи агрегати рақами №7 Неругоҳи барқии обии Норак, 8 иншоти таъйиноти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва саноатиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Шуъбаи равонӣ ва наркологӣ дар назди Беморхонаи марказии шаҳри Норакро, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Абдурасул Муҳидзода бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.