Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд

Опубликовано admin - вт, 01/09/2026 - 18:36

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамчунин, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ вазъи кунунии ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва дурнамои он баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба амну субот, тиҷорату иқтисод ва робитаҳои фарҳангию башарӣ зоҳир гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд

Опубликовано admin - вт, 01/09/2026 - 16:24

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, масоили густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ ва эътимодбахши ду кишвар баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва амният табодули афкор намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд

Опубликовано admin - вт, 01/09/2026 - 15:30

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ дар мавзӯи «СММ ҳамчун унсури калидии низоми одилонаи ҷаҳонӣ: саҳми давлатҳои СҲШ+ дар ташаккули ҷаҳони бисёрқутба» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд

Опубликовано admin - вт, 01/09/2026 - 11:43

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “25 соли Созмони ҳамкории Шанхай: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак” иштирок ва суханронӣ намуданд.