Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд

Опубликовано admin - пн, 31/08/2026 - 21:35

ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек дар маросими ифтитоҳи тантанавии бозиҳои 6-уми ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд.

Бозиҳои кӯчманчиён дар варзишгоҳи Бишкек Аренаи Ҷумҳурии Қирғизистон аз 31 август то 6 сентябр идома меёбад.

Он ба рӯзи истиқлолияти ин кишвар ва ҳамоиши ҷашнии Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай рост омад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд

Опубликовано admin - пн, 31/08/2026 - 18:10

ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.

Дар мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин, робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчуби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд

Опубликовано admin - пн, 31/08/2026 - 17:07

ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Никол Пашиниянро барои аз нав таъйин гардидан ба мансаби Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон табрик намуда, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо Арманистон таъкид доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд

Опубликовано admin - пн, 31/08/2026 - 17:05

ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар шаҳри Бишкек бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.