РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Қоҳира тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангӣ дар доираи Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим баррасӣ шуд

Submitted by admin on Sat, 18/03/2023 - 12:36

15 март мулоқоти муштараки сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар Қоҳира бо Вазири захираҳои обӣ ва обёрии Ҷумҳурии Арабии Миср Ҳонӣ Сувайлам баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Наврӯз ҷашни тамаддуни бостонӣ

Submitted by admin on Sat, 18/03/2023 - 10:34

Наврӯз рамзи покию некӣ,  пирӯзӣ,  рамзи эҳё ва бедории инсону табиат, пайғоми ҳаёти нав, сарсабзию хуррамӣ, рушду нумуъ ва фархундаҳолию фараҳ аст. Оини озодагию озодагон, фарзонагию фарзонагон, гаронбаҳотарину пурарзиштарин мероси фарҳангии миллати тоҷик, ҳумоюнтарину хуҷастатарин ҷашни мардумони ориёитабор ва рукни аслию муҳими худшиносии миллист, зеро ҷавҳари аслии Наврӯз- ин инсондӯстию таҳаммулгароӣ, ҳамдигарпазирӣ, ваҳдату баҳамоӣ, асолат ва руҷуъ кардан ба асл аст.

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Thu, 16/03/2023 - 14:49

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Назарзода Зарина Нарзиқул муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 марти соли 2023
№АП-348

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Thu, 16/03/2023 - 14:47

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод ва таъин намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ҷалилзода Хусрав Раҷабалӣ бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда шавад.

2. Мирзозода Парвиз Таваккал раиси суди иқтисодии вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
14 марти соли 2023
№542