Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо вусъати пояи қарордодӣ-ҳуқуқии робитаҳоро баррасӣ карданд
23 феврал Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо раванди музокирот оид ба Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта байни ҷонибҳоро оғоз карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқоти ҳайатҳо бо назардошти рушди босуботи Тоҷикистон ва гуногунҷанба шудани робитаҳои мутақобила зарурати бознигарӣ кардани Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории аз соли 2005 амалкунанда таъкид карда шуд.