ТАШАББУСИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Он боиси дастгирии ҳамаҷониба буда, роҳ ба сӯи ояндаи дурахшони Замин ва башарият аст

Submitted by admin on Mon, 20/02/2023 - 10:16

Яке аз таҳдидҳои глобалӣ ба зиндагии башар коҳиши захираҳои об мебошад. Мушкилоти истифодаи об дар ҷаҳон ба омили муҳими таъсиргузор ба иқтисодиёту иҷтимоиёт, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ табдил ёфта истодааст. Чунин иброз доштааст дар маводи ба АМИТ «Ховар» пешниҳодкардааш доктори илмҳои фаласафа, корманди масъули Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рустам Ҳайдаров.

Дар зимн матни пурраи он пешкаши хонандагон мегардад.

Соли гузашта Тоҷикистон бо 52 давлати хориҷӣ низоми бе раводиди яктарафа ҷорӣ намуд

Submitted by admin on Sat, 18/02/2023 - 10:20

1 январи соли 2022 мутобиқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ бо 52 давлати хориҷӣ низоми бе раводиди яктарафа ҷорӣ карда шуд. Дар ин бора 17 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дода шуд.

Тибқи «Қоидаҳои барасмиятдарорӣ дар бораи додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд», номгӯи давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Тоҷикистонро доранд, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 25 январи соли 2017 тасдиқ шудааст.

Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Submitted by admin on Sat, 18/02/2023 - 10:19

Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон

Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Салом алайкум

Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Submitted by admin on Sat, 18/02/2023 - 10:18

Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидани одамон бар асари тармафароӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боиси андӯҳи зиёди мо гардид.