Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид
Дар оғози суҳбат дар робита ба офати табиии фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон сарвари кишвари ҳамсоя таъзия ва таслияти самимии ҷониби Узбекистонро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва мардуми Тоҷикистон изҳор намуданд.