Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд

Опубликовано admin - вт, 04/11/2025 - 15:00

ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Давҳаи Қатар дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ як зумра масоили вобаста ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.

Зимнан аз мунтазамии мулоқотҳои сатҳи олию баланд ва натиҷаҳои онҳо, ки бозгӯй аз  ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ мегардад, изҳори қаноат карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд

Опубликовано admin - вт, 04/11/2025 - 14:30

ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз ҷараёни рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қатар изҳори қаноат намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок намуданд

Опубликовано admin - вт, 04/11/2025 - 14:09

ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон изҳор доштанд, ки некуаҳволии иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд

Опубликовано admin - пн, 03/11/2025 - 20:38

ДУШАНБЕ, 03.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос намояндагони воломақоми Давлати Қатар самимона истиқбол гирифтанд.